Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрд миёни нерӯҳои Ҳинду Покистон идома кард


Бино ба гузоришҳо, субҳи сешанбе задухӯрд миёни нерӯҳои Ҳинду Покистон дар хати марзи вилояти ҷанҷолбарангези Кашмир идома кард. Задухӯрд бо истифода аз тӯпхона дар чанд нуқтаи мавсум ба Хати контрол, ки Кашмири Ҳиндро аз Кашмири таҳти назорати Покистон ҷудо мекунад, сурат гирифтааст. Дар Кашмири таҳти контроли Ҳинд дасти кам як нафар кушта ва чанд тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Сокинони маҳаллаҳои наздик ба задухӯрдро аз марз дуртар интиқол додаанд. Артиши Покистон нерӯҳои Ҳиндро муттаҳам мекунад, ки рӯзи шанбе бе ҳеҷ асосе ба онҳо ҳамла кардаанд. Аммо артиши Ҳинд мегӯяд, ба ҳамлаи сарбозони Покистон посух додааст. Муноқиша дар инҷо баъди он шурӯъ шуд, ки рӯзи 6-уми август, 5 сарбози ҳиндӣ дар як ҳамлаи ғофилгиронае Кашмир кушта шуданд. Ҳинд ин ҳамларо кори дасти артиши Покистон хонд, иддаое, ки Исломобод рад кардааст. Ҳинду Покистон борҳо барои Вилояти мусулмоннишини Кашмир ҷангидаанд ва ҳоло созиши оташбаси 10-сола миёни ду тараф ба хатар рӯ ба рӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG