Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузориҳо дар Ироқ ҷони 20 нафарро гирифт


Дар силсилаи бомбгузориҳо дар Ироқ дасти кам 31 нафар кушта ва 90 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Мақомоти расмӣ гуфтанд, рӯзи сешанбе дар наздикии чанд бозор ва растаҳои кӯчаҳои серодам мошинҳои бомбгузоришуда таркидаанд. Бо шиддат гирифтани танишҳои сиёсиву мазҳабӣ дар Ироқ хушунат ҳам авҷ гирифтааст. Ҳукумати Ироқ чанде пеш гуфт, танҳо дар моҳи июл дар кишвар 1000 нафар кушта шудаанд, ки баландтарин омор дар 5 соли ахир аст.
XS
SM
MD
LG