Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Мухтор Аблязов-рақиби Назарбоев дар Фаронса идома дорад


Мухтор Аблязов
Мухтор Аблязов
Дар ҷануби Фаронса додгоҳи Мухтор Аблязов-бонкдори пешин ва норозии сиёсии Қазоқистон идома дорад. Вай барои рабудани 6 миллиард доллар аз Бонки БТА, ки замоне раҳбариашро бар уҳда дошт, гунаҳгор дониста мешавад.

Аблязов рӯзи чаҳоршанбе дар ҷануби Фароса боздошт ва рӯзи панҷшанбе дар ҳамон ҷо ба додгоҳ ҳозир шуд. Хонум Солонж Легға (Solange Legras)-раҳбари додситонҳо дар додгоҳ ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҷараёни мурофиа ба Аблязов хабар додааст, ки барои истирдоди вай аз Қазоқистон ва Русия дархост расидааст. Вале додситонҳои Фаронса ҳоло дархости Украинаро меомӯзанд.

Аблязовро дар Остона барои фиреби молӣ гунаҳгор медонанд. Русияву Украина низ барои дуздӣ аз бахшҳои бонки қазоқӣ вайро гунаҳгор эълон кардаанд.

Аблязов аз мунаққидони ошкори Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон мебошад ва ин иттиҳомотро қабул надорад. Хонум Солонж Легға мегӯяд, зоҳиран Аблязовро бо васиқа озод нахоҳанд кард.

Аблязовро бо дархости ҳукумати Украина боздошт карданд. Вай 50 сола аст. Фаронса бо 30 кишвар дар бораи истирдод қарор дорад. Дар миёни онҳо Украинаву Русия ҳастанд. Вале Қазоқистон дар миёни ин 30 кишвар нест.
XS
SM
MD
LG