Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо маҳбус аз ду зиндони Ироқ фирор кардаанд


Вакилони ироқӣ мегӯянд, баъди ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба ду зиндон дар Ироқ, 500 зиндонӣ фирор кардаанд. Баъди ин ҳамла даргирии шадиде ба вуқӯъ пайвастааст ва даҳҳо нафар ҳам кушта шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, ҳамлаҳои ҳамоҳангшуда ба зиндонҳои шаҳри Тоҷӣ дар шимоли Бағдод ва зиндони Абуғрайб дар ғарби ин шаҳр шоми якшанбе шурӯъ шуда ва то субҳи душанбе идома кардааст. Ҳаким ал-Зомилӣ, узви кумитаи амнияти порлумони Ироқ гуфт, танҳо аз зиндони Абуғрайб 500 маҳбус гурехтааст. Ба гуфтаи Шван Тоҳо, узви дигари кумита, теъдоди зиндониёни фирорӣ аз 500 то ба 1000 нафар мерасад. Ба гуфтаи Замилӣ, бисёре аз зиндониёни фирориро ё куштаанд ва ё дастгир кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, дар даргирӣ 25 маъмури амниятӣ ва 6 ҳамлавар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG