Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози музокироти масоили андоз байни Тоҷикистону Бритониё


Субҳи 22 июл як ҳайъати расмии Хадамоти андоз ва гумруки Бритониё вориди пойтахти Тоҷикистон шуд ва бо ҳайъати вазорати молияи Тоҷикистон музокираи масъалаи лағви андозбандии дукарата миёни ду кишварро музокираро оғоз кард. Баҳодур Шералиев, сухангӯи сафорати Бритониё дар Тоҷикистон рӯзи 22 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, музокираи дуҷониба бар сари бекор кардани андозбандии дукарата миёни ду кишвар мавзӯъи аслии ин музокирот аст. Ҳамчунин ҳайъатҳои ниҳодҳои зидахли 2 кишвар бо баррасии ин масъала матни созишнома дар робита ба ҳамкории дуҷониба дар бахши тиҷорат ва сармоягузориро омода хоҳанд кард. Сафири Бритониё Робин Орд-Смит лағви андозбандии дукарата миёни Тоҷикистон ва Британияро як гоми муҳим дар роҳи рушди ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар арзёбӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG