Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи иқтисодӣ даъвои зидди Тутубалинаро рад кард


Олга Тутубалина
Олга Тутубалина
Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе даъвои намояндагони зиёиён бар зидди сардабири ҳафтаномаи мустақили «Азия Плюс» Олга Тутубалинаро радд кардааст. Додгоҳ гуфтааст, зимни омӯзиш маълум шуд, ки баррасии ин баҳс дар салоҳияти додгоҳи иқтисодӣ нест.
Як гурӯҳи созмонҳои эҷодӣ, бо шумули Иттиҳодияи адибон як мақолаи Тутубалина дар бораи бозгашти шоир Бозор Собирро, ки дар он бо иқтибос аз Владимир Ленин зиёиёнро «наҷосат» сифат мекард, таҳқир ба шаъни қишри зиёии Тоҷикистон шумурда, ба додгоҳи иқтисодии Душанбе шикоят бурданд. Онҳо аз хабарнигорон 200 000 сомонӣ ҷуброни маънавӣ талаб мекарданд.
Ҳанӯз маълум нест, ки бо радд шудани аризаашон аз сӯи додгоҳи иқтисодии Душанбе, созмонҳои эҷодӣ аз идомаи даъво даст хоҳанд кашид ё ба додгоҳи маъмулӣ муроҷиат хоҳанд кард?
XS
SM
MD
LG