Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари мушовири амнияти Карзайро дар Корухи Ҳирот куштанд


Аҳмад Валиҷон-бародари Рангин Додфар Спанто-муовири амнияти миллии Афғонистон дар вилояти Ҳирот кушта шуд. Абдулрауф Аҳмадӣ-сухангӯи пулиси вилоят ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки дар шаҳраки Корух субҳи рӯзи чаҳоршанбе ҳангоме, ки Аҳмад Валиҷон аз автобус берун меомад, ду шахси мусаллаҳи мототсикилсавор ба вай ҳамла кардаанд. Ба гуфтаи сухангӯи пулис, ҳамлакунандагон аз маҳали воқеа ғайб задаанд.

Аҳмад Валиҷон дар Корух додситон буд. Корух дар наздикии марз бо Эрон ҷойгир аст. Спанто аз соли 2006 то 2010 вазири корҳои хориҷаи Афғонистон буд, сипас мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳур таъйин шуд.
XS
SM
MD
LG