Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сел даҳҳо манзили зистро дар Панҷакент хароб кард


Бар асари селхезии шоми 30-юми июн ба даҳҳо манзили зист ва боғу киштзорҳо дар ноҳияи Панҷакент хароб шудааст. Селхезие, ки бар асари борони шадид дар ҷамоятҳо ва деҳоти ноҳияи Панҷакент рух додаст, даҳҳо манзилҳоро ғайриқобили зист намуда, мардумро маҷбур сохтааст, ки дар ҷойҳои амнтар ба сар баранд. Ҷӯрабой Баҳриев, раиси ҷамоати Ёрии ноҳияи Панҷакент дар шимоли Тоҷикистон рӯзи 1-уми июл ба радиои Озодӣ гуфт, ки бар асари боронгарии шоми 30-юми июн оби дарёчаи Дашти Қозӣ аз соҳил берун шуда, даҳҳо хонаи зист, хирманҳо ва кишти зироатро хароб кард: «Хайрият сел дар соати 5 бегоҳ фаромад, агар шабҳангом меомад, вазъияти мардум бисёр бад мешу ва бе талафоти ҷонӣ анҷом намеёфт.»

Ба қавли Ҷӯрабой Баҳриев, бар асари сел чаҳор манзили зист то як метр пури рег шуда ва ду манзили дигарро лои сиёҳ пур кард ва мардуми деҳаи Дашти Қозӣ аз бими ҷон оншабро дар берун рӯз карданд: «Ҳоло сокинони ин деҳаҳо дар хонаҳои наздиконашон зиндагӣ доранд ва мардум бо ҳашар дохили хонаҳоро тоза карда истодаанд. Агар ин корро зудтар анҷом диҳанд, хонаҳо нам кашида фурӯ намеғалатанд.»

Отақул Раҳмонбоев, як сокини деҳаи Киштудак мегӯяд, ки сел зироаташро пурра нобуд карда, манзили зисташ ҳам пури рег шудааст, лекин кормандони МЧС-и ноҳия дуруст кӯмак намекунад ва ҳама корро мардум бо дасти худашон карда истодаанд, дар ҳоле, ки ниёз ба булдозеру экскаватор доранд. Обхезии ҳамроҳ бо борони шадид бар иловаи ҷамоати Ёрӣ, ҳамчунин бе деҳоти Ворӯ, Рукнобод, Вешист, Киштудак ва ба чанд ҷамоати дигар зарар расонидааст.

Намояндаи ҳукумати ноҳияи Панҷент мегӯяд, ки мутахассисони онҳо дар ҷои ҳодиса қарор доранд ва ҳамроҳ бо намояндгони ҷамоатҳо зарари воридаро ба деҳот ҳисоб карда, то фардо натиҷаи онро эълон хоҳанд дошт. Бо пешниҳоди ҷамоатҳо дар назар аст, ки ба мардуми зарардида дар ҷойҳои амнтар замин ҷудо карда шавад. Аммо шоҳидони айнӣ ва сокинони деҳоти осебдида мегӯянд, ки бар асари ин обхезӣ таёрибан 30 хонавода зарар дида ва кишту зироатҳо хароб шудаанд.
XS
SM
MD
LG