Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мумкин аст Сербистон музокироти узвият дар ИА-ро оғоз кунад


Раҳбарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо
Раҳбарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо
Интизор меравад, ки Иттиҳодияи Аврупо ба Сербистон ба таври расмӣ иҷоза диҳад, то музокироти узвият дар Иттиҳодияи Аврупоро оғоз кунад. Дар ин бора дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои узв дар Бруссел тасмим гирифта мешавад.

Дар сурати ризояти раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо Сербистон музокироти узвиятро то моҳи январ оғоз хоҳад кард. Имкони оғози чунин музокирот замоне фароҳам омад, ки баъд аз солҳо хусумат моҳи апрели соли ҷорӣ Сербистон ва Косово ба тавофуқ расиданд, ки муносиботи худро ба ҳолати оддӣ бармегардонанд.

Тибқи тавофуқоти ду ҷониб тақрибан ба 40 000 сокини сербтабор дар шимоли Косово ҳақи мухторият медиҳанд.
XS
SM
MD
LG