Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

FBI: ҳавопаймоҳои бесарнишин дар ИМА истифода мешаванд


Роберт Мюллер, раиси FBI, Бюрои федеролии тафтишоти ИМА, тасдиқ кард, ки ҳавопаймоҳои бесарнишин дар бархе амалиёти мақомоти ҳифзи тартибот дар қаламрави кишвар истифода мешаванд. Ин изҳороти Мюллер дар гуфтугӯ бо аъзои Сенати Амрико садо дод.

Ба думболи ин изҳорот FBI ташреҳ намуд, ҳавопаймоҳои бесарнишин фақат барои назорати баъзе муассисаҳо ва ҳамчунин дар ҳоле истифода мешаванд, ки дар амалиёти вижа ба кормандони Бюрои федеролии тафтишот хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад. Масъулини FBI ҳамчунин гуфтаанд, ки ҳар дафъа зимни истифодаи ҳавопаймои бесарнишин онҳо аз Раёсати федеролии авиатсияи мулкӣ иҷоза мегиранд.

Аз ин пеш мақомоти расмии Амрико иқрор карда буданд, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини силоҳдор дар қаламрави дигар кишварҳо дар ҷанг бо террористҳо истифода мешаванд. Ҳамчунин истифодаи онҳо барои назорати қитъаҳои марзи миёни ИМА ва Мексика ҳам расман эътироф шуда буд.
XS
SM
MD
LG