Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон бо тазоҳургарони Туркия мулоқот кард


Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, дар талоше барои хотима додан ба тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ, бо тазоҳургарон мулоқот кард. Аммо бо вуҷуди “ҳушдори охирини” Эрдуғон барои тарки Парки Ғозӣ дар маркази шаҳри Истанбул, тазоҳургарон онҷо мондаанд. Шаби панҷшанбе дар парки мазкур ва Майдони Тақсим ду маҳалли аслии тазоҳурот, ҳазорон нафар монда буданд. Баъди гуфтӯгу дар шаби панҷшанбе дар шаҳри Анкара, сухангӯи Ҳизби Адолат ва Тавсиаи Туркия гуфт, ки мулоқот мусбат будааст, аммо дигарбора таъкид кард, ки тазоҳургарон паркро тарк кунанд. Ба қавли сухангӯи ҳизби ҳоким, то замоне, ки додгоҳ дар бораи парвандаи бозсозии Парки Ғозӣ ҳукм содир накунад ва раъйпурсии ваъдагӣ сурат нагирад, ҳеҷ сохтмоне дар ин маҳал бунёд нахоҳад шуд. Тазоҳурот алайҳи тарҳи бозсозии Парки Ғозӣ рӯзи 31 май оғоз ёфт, вале баъди саркӯбии бераҳмона аз тарафи маъмурони пулис ба тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ табдил шуд.
XS
SM
MD
LG