Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон интихоботи раёсати ҷумҳурӣ идома дорад


Дар Эрон интихоботи раёсати ҷумҳурӣ идома дорад ва мардум ҷойгузини Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури феълиро интихоб мекунанд. Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари муаззами Ҷумҳурии Исломӣ баъд аз раъйдиҳӣ дар шаҳри Теҳрон гуфт:
“Ахиран шунидам, ки аз Шӯрои Амнияти Миллии Амрико касе гуфта, ки мо ин интихоботи Эронро қабул надорем. Хуб ба дарак, ки қабул надоред” (ба ҷаҳаннам биравед) Бино ба назарсанҷиҳо, рақобати аслӣ дар интихобот миёни Ҳасан Рӯҳонӣ, музокиракунандаи собиқи ҳастаии Эрон, ки унсурҳои ислоҳталаб тарафдораш ҳастанд ва Муҳаммад Боқир Қолибоф, шаҳрдори муҳофизакори Теҳрон хоҳад буд. Дар маҷмӯъ 6 номзад дар интихобот ширкат мекунанд. Агар ҳеҷ касе аз аз ин номзадҳо, раъйи аксариятро ба даст наорад, ғолибони даври аввал рӯзи 21 июн дар даври дуввум рақобат хоҳанд кард. Интихоботи баҳсбарангези чаҳор соли пеш дар Эрон сабаби тазоҳуроти густурдаи мардумӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG