Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико ба Вазиристон


Дар ҳамлаи мушакии ҳавопаймои бесарнишини Амрико ба як паноҳгоҳи ситезаҷӯён дар шимолуғарби Покистон дасти кам 6 нафар кушта шудаанд. Бино ба гузоришҳо, бори аввал аст, ки баъди интихоботи порлумонии Покистон дар рӯзи 11 май, ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико тундравони исломиро дар Покистон ҳадаф мегиранд. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, рӯзи чаҳоршанбе ба хонае дар Мироншоҳ, маркази вилояти қабоилнишини Вазиристони Шимолӣ ду мушак бархӯрдааст. Як мақоми вазорати умури хориҷии Покистон ин ҳамларо маҳкум кардааст. Сиёсатмадорони покистонӣ мегӯянд, ки ин кор беэътиноӣ ба мустақилияти Покистон аст. Аммо ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, ҳамла аз ҳавопаймоҳои бесарнишини як роҳи муассири аз байн бурдани ифротгароёни исломист.
XS
SM
MD
LG