Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти "судманди" Эштон бо Ҷалилӣ


Кетрин Эштон, масъули сиёсати умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, бо Саид Ҷалилӣ, музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон, гуфтӯгуи “судманде” доштааст. Кетрин Эштон, ки дар музокироти ҳастаӣ бо Эрон шаш қудрати ҷаҳониро намояндагӣ мекунад, рӯзи чаҳоршанбе баъди мулоқоташ бо Саид Ҷалилӣ гуфт, ки “ду тараф дар тамос хоҳанд буд.” Амрикову Русия, Фаронсаву Бритониё ва Чину Олмон мехоҳанд, Эрон дар ивази сабук кардани таҳримоти иқтисодӣ, аз ғанисозии ураниум даст кашад. Аммо Эрон мегӯяд, бояд ин кишварҳо ҳаққи он барои ғанисозии ураниумро бипазиранд ва таҳримотро аз байн бардоранд. Рӯзи чаҳоршанбе Эрону Оҷонси Байналмиллалии Энержии Атомӣ дар бораи таҳқиқи барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон ба мувофиқа нарасиданд.
XS
SM
MD
LG