Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бемории нави зуком хатарноктар шудааст


Як мақоми баландпояи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, далелҳои афзоянда нишон медиҳад, ки вируси бемории шабеҳи САРС, як бемории кушандаи роҳҳои нафас аз инсон ба инсон низ сироят мекунад. Кеҷи Фукуда, дастёри дабири куллли Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи якшанбе дар ин бора зимни сафараш ба Риёз пойтахти Арабистони Саудӣ сухан гуфт. То кунун бар асари ин бемории нави роҳҳои танаффус дар ин кишвар ва Аврупо 18 нафар ҳалок шудаанд. Кеҷи Фукуда гуфт, мубталоёни ин зукоми нав дар кишварҳои гуногун нишон додааст, ки вируси беморӣ аз инсон ба инсон сироят мекардааст. Аз ҷумла дар Фаронса рӯзи якшанбе як мавриди нави сирояти бемории шабеҳи САРС сабт шудааст. То кунун 35 мавриди бемории мазкурро дар саросари ҷаҳон сабт кардаанд.
XS
SM
MD
LG