Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари дурӯғ роҷеъ ба таркиш дар Кохи Сафеди Амрико


Ҳакерҳо ё рахнакунандагони интернетӣ ба сафҳаи Twitter-и хабаргузории Ассошиейтед Пресс рахна карданд ва дар он ҷо хабари дуруғине чоп карданд, ки гӯё дар Кохи Сафеди Амрико таркиш рух додааст ва дар ин таркиш Барак Обама-раиси ҷумҳури ин кишвар ҷароҳат бардоштааст.

Хабаргузории мазкур дар зарфи чанд дақиқа эълон кард, ки рахнакунандагон ба сафҳаи Twitter-и онҳо ворид шудаанд ва хабари дурӯғ ба нашр расондаанд. Билофосила хабаргузорӣ сафҳаи худро баст ва эълон кард, ки бояд ин иштибоҳро ислоҳ кунад.

Ҷей Карнӣ-сухангӯи раиси ҷумҳури Амрико ба хабарнигорон гуфт, ки саломатии Барак Обама хеле олист. Вай гуфт, “Ман ҳамин ҳоло бо вай будам. Саломатиаш хеле хуб аст”.
Баъд аз ин хабари дурӯғ нархи саҳом дар бозор поин рафт. Вале баъд аз исботи хабари дурӯғ нархи он дубора ба ҳолати пешин баргашт.
XS
SM
MD
LG