Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи "дардовари" Қибрис дигарбора баррасӣ мешавад


Интизор меравад, вакилони мардумии Қибрис масъалаи ситонидани молиёт аз афродеро, ки дар бонкҳо бештар аз 100 ҳазор евро пасандоз доранд, баррасӣ кунад. Порлумони Қибрис рӯзи сешанбе чунин пешниҳодро напазируфт, вале ҳукумати Қибрис, ки барои ба даст овардани 10 миллиард евро аз муассисаҳои молӣ талош дорад, дигарбора ин пешниҳодро ба порлумон фиристод. Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул гуфтаанд, худи Қибрис ҳам бояд дар кӯмак бо бонкҳои мӯҳтоҷи кишвар тақрибан 6 миллиард евро саҳм бигирад ва аз ин рӯ ҳукумат ба пасандозҳои амонатгузорон чашм дӯхтааст. Порлумони Қибрис рӯзи ҷумъа санадеро имзо кард, ки бар асоси он низоми бонкии ин кишвар ислоҳ мекунанд ва намегузоранд, ки бо боз шудани бонкҳо дар рӯзи сешанбе амонатгузорон пули зиёди худро бигиранд. Бонки Марказии Аврупо ба Қибрис ҳушдор додааст, ки агар то рӯзи душанбе роҳи ҳалли қарзҳои кишварро пайдо накунад, аз кӯмакҳои изтирории Бонки Марказии Аврупо маҳрум хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG