Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев: Дар Қибрис ба иштибоҳ роҳ доданд


Дмитрий Медведев
Дмитрий Медведев
Сарвазири Русия гуфт, дар муомила барои ҳалли буҳрони молии Қибрис “ба тамоми иштибоҳи мумкин роҳ додаанд.” Дмитрий Медведев дар мусоҳибааш бо матбуот ҳамчунин гуфт, Русия набояд аз пешниҳоди андоз бастани ҳисобҳои бонкии Қибрис бехабар мемонд. Шаҳрвандон ва ширкатҳои Русия дар бонкҳои Қибрис миллиардҳо евро пул доранд. Давлати Қибрис ҳоло роҳҳои алтернативии ҷилавгирӣ аз вартаи варшикастагиро меҷӯяд. ИА ва Сандуқи байналмилалии пул розӣ буданд, ки дар сурати ҷамъ шудани 5,8 миллиард евро саҳми худи Никозия ба Қибрис 10 миллиард евро қарзи оҷил диҳанд. Ҳукумати Қибрис мебоист саҳми худро аз тариқи андоз бастан ба ҳисобҳои бонкӣ ҷамъ мекард, вале парлумон рӯзи сешанбе ин нақшаро напазируфт. Вазири молияи Қибрис Михалис Саррис ҳоло дар Маскав роҳҳои кумаки Русияро меҷӯяд.
XS
SM
MD
LG