Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Лоҳур манзилҳои масеҳиҳоро ба оташ кашиданд


Дар маҳаллаи Бодомӣ Боғи шаҳри Лоҳур, воқеъ дар шарқи Покистон, даҳҳо манзил ба коми оташ рафт. Дар ин маҳалла асосан масеҳиҳо ба сар мебаранд.

Ба иттилои полис, рӯзи шанбе як гирдиҳамоӣ бо ширкати тақрибан се ҳазор мусалмон ба бенизомиҳо печид. Мусалмонҳо алайҳи суханони таҳқиромези як масеҳии маҳаллӣ алайҳи Паёмбари ислом эътироз карданд. Рӯзи ҷумъа ин ҷавони масеҳӣ боздошт шуда буд.

Тавҳини дини ислом дар Покистон аз ҷурмҳои сангин маҳсуб мешавад ва муҷримро метавонанд ба қатл маҳкум кунанд.Намояндагони аққалиятҳои мазҳабӣ чандин бор алайҳи ин қонун эътироз карда гуфтанд, ки мақомот онро ба хотири таъқиби пайравони дигар адён истифода мебаранд.
XS
SM
MD
LG