Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 посдори сулҳи СММ-ро гаравгон гирифтанд


Посдори сулҳи СММ дар иҳотаи ду размандаи зиддиҳукуматии Сурия дар Баландиҳои Ҷавлон
Посдори сулҳи СММ дар иҳотаи ду размандаи зиддиҳукуматии Сурия дар Баландиҳои Ҷавлон
СММ мегӯяд, дар Баландиҳои Ҷавлон воқеъ дар марзи миёни Сурияву Исроил размандагони мусаллаҳ 20 нафар посдорони сулҳи СММ-ро боздошт кардаанд. Эдуардо дел Буйӣ-муовини сухангӯи СММ мегӯяд, 20 нафар посдорони сулҳро ҳудуди 30 марди мусаллаҳ рӯзи чаҳоршанбе боздошт кардаанд.

Ҳоло СММ гурӯҳеро ба минтақа фиристодааст, то ин мушкилро ҳал кунад. Ин хабар замоне таъйид шуд, ки наворе аз ҷараёни боздошт дар шабакаи YouTube ба намоиш гузошта шуд. Дар он посдорони СММ дар иҳотаи шӯришиёни Сурия ба назар мерасанд.

Дар ин навор як марди ҷавон, ки худро узви гурӯҳи “Пешмаргаҳои Ярмук” муаррифӣ мекунад, мегӯяд, ки посдорони сулҳи СММ раҳо нахоҳанд кард, агар ҳукумати Сурия нируҳои худро аз деҳае дар он минтақа хориҷ накунад.

Баландиҳои Ҷавлон аз соли 1967 то ҳол дар дасти Исроил аст. Ин баландиро Исроил дар ҷанг бо Сурия ба тасаррфи худ дароварда буд.

Ба ин минтақа нируҳои ҳукуматии Сурия роҳ дода намешаванд ва он дар назорати нируҳои посдори сулҳи СММ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG