Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1426 миллиардер дар рӯйхати Forbes


Карлос Слим - бойтарин марди сайёра
Карлос Слим - бойтарин марди сайёра
Маҷаллаи амрикоии Forbes рӯйхати имсолаи афроди сарватманди дунёро нашр кард, ки теъдоди бесобиқаи 1426 миллиардерро дар бар мегирад. Ҷамъи дороиҳои онҳо 5,4 триллион доллар баровард мешавад, ки назар ба 4,6 триллиони қаблӣ бештар аст. Дар як соли охир ба ҷамъи миллиардерҳо 210 “бойбобо”-и нав аз 42 кишвар афзудааст. Дар айни замон 60 нафар, аз ҷумла 8 тан ба иллати марг, рӯйхати миллиардерҳои дунёро тарк гуфтаанд. Шумори миллиардерҳои зан низ дар соли 2013 афзуда, аз 104 ба 138 нафар расидааст. Карлос Слими мексикоӣ бо 73 миллиард доллар аз соли 2010 ба ин сӯ бойтарин марди сайёра шинохта мешавад. Мақоми дувумро дар ин рӯйхати Forbes муассиси Microsoft Билл Гейтс бо 67 миллиард доллар дороӣ дар даст дорад. Роман Авдеев – молики “Кредитбанк”-и Маскав дар рӯйхати имсола бонкдори саудӣ Сулаймон Ал-Раҷҳиро, ки низ 23 фарзанд дорад, танг кардааст. Аммо аз 23 кӯдаки Авдеев 19 танашро ӯ ба фарзандӣ гирифтааст.
XS
SM
MD
LG