Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ бо Муҳаммад Мурсӣ мулоқот мекунад


Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ
3 март боздиди Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико аз Миср ба поён мерасад. Вай бо раҳбарони ин кишвар мулоқот ва дар зимн хостори суботи сиёсӣ ва ислоҳот хоҳад шуд.

Интизор меравад, ки Ҷон Керрӣ бо президент Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳур ва фармондеҳони артиш дидор ва гуфтугӯ кунад. Як рӯз пеш вай бо вазири корҳои хориҷаи Миср ва намояндагони мухолифони сиёсӣ мулоқот дошт.

Ҷон Керрӣ мегӯяд, ҳукумати исломгарои Муҳаммад Мурсӣ бояд ихтилофот бо рақибони худро бартараф кунад, то суботи сиёсиву иқтисодӣ таъмин шавад.

Интизор меравад, ки Ҷон Керрӣ Мисрро ба ислоҳоти иқтисодӣ талқин кунад, то шароит барои дарёфти қарзи Сандуқи Байналмиллалии Пул ба маблағи 4,8 миллиард доллар фароҳам ояд.

Ҷон Керрӣ баъд аз Миср аз Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар силилабоздидҳои худро идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG