Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолони Маскав бар зидди фарзандхондӣ раҳпаймоӣ мекунанд


Фаъолони ҷонибдори Кремли Маскав мегӯянд, ки рӯзи шанбе раҳпаймоӣ анҷом медиҳанд ва аз мақомоти расмӣ мехоҳанд, ки фарзандхондии кӯдакони Русияро барои хориҷиён мамнуъ эълон кунанд ва кӯдаки фарзандхондашударо, ки бародараш дар аёлати Техаси Амрико даргузашт, ба Русия баргардонанад.

Ирина Бергсет-ҳамоҳангсози ҷунбиши Модарони Русия ба матбуот гуфт, ин ҷунбиш ҳамчунин дархост мекунад, то ба даргузашти Макс Шатто, ки номи модарзодиаш Максим Кузмин аст, расидагии ҳамаҷониба сурат бигирад. Макс моҳи январ дар аёлати Техас даргузашт.

Мақомоти расмии аёлати Техас мегӯянд, ки даргузашти Макси сесола ҳодисаи фавқулодда будааст ва аз захмҳои дасти худаш даргузаштааст.

Даргузашти ин кӯдак Русияро ба хашм овардааст. Мақомоти Русия модархонди вайро дар марги кӯдак гунҳгор медонанд ва мегӯянд, ки ба кӯдак дору додааст ва вайро “куштааст”.
XS
SM
MD
LG