Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманаӣ:Лӯлаи газ то Покистонро бояд пеш бурд


Мулоқоти Хоманаӣ бо Зардорӣ
Мулоқоти Хоманаӣ бо Зардорӣ
Раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ дар мулоқот бо раисиҷумҳури Покистон Осифалӣ Зардорӣ дар Теҳрон гуфт, тарҳи 7,5-миллиарддолларии эҳдоси лӯлаи газ аз конҳои Эрон ба Покистон бояд пеш бурда шавад. Хоманаӣ ин тарҳро як намунаи муҳими ҳамкории Теҳрону Исломобод номид ва гуфт, “алорағми душманиҳо ба густариши равобит мо бояд қотеъона ин мухолифатҳоро пушти сар кунем.” Зардорӣ қарордоди ин лӯлаи газро бо ҳамтои эрониаш Маҳмуди Аҳмадинажод низ баррасӣ кардааст. Эрон бо пешниҳоди 500 миллион қарз барои сохтани қисмати покистонии лӯла ваъда додааст, ки ҳар рӯз ба Покистон то 21,5 миллион метри мукааб газ хоҳад расонд. Ин барномаҳо ба далели мухолифати Амрико дар амри ҷалби сармоягузорон мушкил дошт.
XS
SM
MD
LG