Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбари ҳамла ба сиёсатмадори арман боздошт шуд


Паруйр Ҳайрикян
Паруйр Ҳайрикян
Дар Арманистон гумонбар дар сӯиқасд ба ҷони номзад ба мақоми раисиҷумҳур Паруйр Ҳайрикян боздошт шуд. Шабакаи телевизионии маҳаллии “Шант” хабар дод, ки боздошт шоми панҷшанбе сурат гирифтааст. Қарор аст, ки дар ин бора ба зудӣ Хадамоти амнияти миллии Арманистон изҳорот нашр кунад.

Бар асари ҳамла, ки шаби 31 январ дар Ереван ба вуқӯъ пайваст, Паруйр Ҳайрикян аз китфаш тир хӯрд. Вазъи ӯро табибон мӯътадил арзёбӣ мекунанд.

Маъракаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ чун пештара идома дорад. Барои ширкат дар ин сабқат 8 нафар сабти ном шудаанд ва, бар пояи назарсанҷиҳо, раисиҷумҳури феълӣ Серж Саргсян барои пирӯзӣ шонси бештар дорад.
XS
SM
MD
LG