Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин дидори раҳбарони Сербистону Косово


Раисиҷумҳурони Сербистону Косово Томислав Николич ва Офият Яҳёоғо шаби чоршанбе бо миёнҷигии ИА дар Брюссел мулоқот карданд. Ин нахустин дидори сарони ин ду кишвар аз замони эълон истиқлоли Косово аз Сербистон дар соли 2008 аст. Хонум Яҳёоғо қабл аз ин мулоқот ба Озодӣ изҳори умед кард, ки ин мулоқот ба равобити беҳтар миёни сербҳову косоварҳо хоҳад овард. Сербистон истиқлоли Косоворо то ҳол радд мекунад, вале ба хотири пешрафташ дар амри пайвастан ба узвияти ИА ба муколама бо раҳбарони албании ин вилояти собиқаш бо миёнҷигии Брюссел розӣ шуд. Аксари аъзои ИА ва дар маҷмӯъ ҳудуди 100 кишвар то имрӯз Косоворо ба расмият шинохтаанд. Сербистон назорати Косоворо соли 1999 дар пайи ҷанги ҳавоии НАТО аз даст дод.
XS
SM
MD
LG