Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши забти боздоштгоҳи Порт-Саид ноком шуд


Ҳамла ба боздоштгоҳи шаҳри Порт-Саиди Миср мунҷар ба ҳалокати ҳашт нафар, аз ҷумла, ду корманди полис ва ҷароҳат бардоштани беш аз сад каси дигар гардид. Ба иттилои телевизиони давлатии Миср, рӯзи шанбе садҳо ҷонибдорони афроде, ки дар ташкили бенизомиҳо дар варзишгоҳи шаҳр дар тақрибан як соли пеш айбдор шинохта шуданд, талоши забти боздоштгоҳро карданд.

Ҳамла баъди он сурат гирифт, ки додгоҳ 21 нафар аз муттаҳамонро аз рӯи парвандаи бенизомиҳо ва ҳалокати одамон дар варзишгоҳи шаҳри Порт-Саид маҳкум ба эъдом кард. Қарор аст, ки ҳукми додгоҳ дар бораи 52 муттаҳами дигар моҳи март эълон шавад.

1 феврали соли гузашта бар асари бенизомиҳо баъд аз бозии футбол дар варзишгоҳи шаҳри Порт-Саид 74 нафар ба ҳалокат расида, беш аз ҳазор каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Бархӯрди оммавӣ баъди он шурӯъ шуд, ки дастаи маҳаллӣ ҳарифашро бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст дод. Мухолисони дастаи меҳмон ба футболбозон ва мухлисони дастаи рақиб ҳамла карданд.
XS
SM
MD
LG