Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи маргталаб дар Ғазнӣ ду кас ҷон бохтанд


Дар вилояти Ғазнӣ, воқеъ дар шарқи Афғонистон, бар асари ҳамлаи як маргталаб ду нафар, аз ҷумла, як корманди полис ба ҳалокат расиданд.

Муҳаммад Алӣ Аҳмадӣ, намояндаи волии Ғанӣ ба радиои Озодӣ хабар дод, ки рӯзи шанбе як маргталаб камарбанди шаҳидро дар канори постгоҳи полиси Қаълаи сабз мунфаҷир кард. Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҳодиса се нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Аммо сартабиби бемористони маҳаллӣ Бозмуҳаммад Ҳиммат мегӯяд, ки баъд аз ҳамла 13 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон оварда шуданд.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз касе ё гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG