Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбониёни таркише дар Карочии Покистон


Дар шаҳри Карочиии Покистон дар таркиши баме 2 нафар кушта, 35 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Мақомоти расмии Покистон мегӯянд, ки ин бам дар мототсикле кор гузошта шуда будааст ва дар наздикии чанд автобус замоне таркидааст, ки фаъолон аз раҳпаймоии муштарак бармегаштанд.

Ин раҳпаймоиро ҳизбҳои аслии Покистон бо номҳои Муттаҳида Қавмӣ Мувмент ё Ҷунбиши Муттаҳидаи Қавмӣ ва Таҳрик ул Минҳаҷул Қуръон созмон дода буданд.
Интизор меравад, ки шумораи қурбонии ин ҳодиса афзоиш ёбад, зеро вазъи баъзе аз маҷрӯҳон вазнин аст.

Шаҳри бандарии Карочӣ маркази тиҷоратии Покистон дониста мешавад ва дар он ҷо гаҳ-гоҳе хушунатҳои қавмиву сиёсӣ рух медиҳад.
XS
SM
MD
LG