Соли 2012 барои ҳомиёни ҳуқуқи инсон соли душворе буд. Онҳо маҷбур ба ин буданд, дар ҳифзи ҳуқуқҳои одии инсонҳо дар шароити низоъҳои мусаллаҳона, саркӯбгарии ҳукуматҳо ва қонунҳои маҳдудкунанда талош кунанд. Дар рӯзи ҳуқуқи инсон, 10-уми декабр чеҳраи фаъолтарин ҳомиёнро нашр мекунем.
12 ҳомии машҳури ҳуқуқи инсон дар соли 2012
5
<b>Ай Вейвей, наққоош ва фаъоли сиёсии Чин.</b> Барои танқиди мақомоти давлатӣ ва айбдор донистани онҳо дар фасод соли гузашта ба се моҳи ҳабс маҳкум шуд. Ӯро дар насупурдани андоз айбдор карданд ва мегӯяд, ҳадаф муҷозоти сиёсист.
7
<b>Питер Букарт, мудири бахши изтирории созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch, аз Иёлоти Муттаҳида.</b> Вай дар сафи пеши ҷабҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон қарор дорад. Гузориши қатли Муаммар Қахззофӣ дар Либия аз тарафи ошӯбгарон ба факту далелҳои кашфкардаи ӯ асос ёфтааст.
8
<b>Денис Муквеге, пизишк дар Конго. Дар ҳоли муолиҷаи баъд аз ҳамла. </b>Маълумоти пахшкардаи ӯ дар бораи таҷовузи мусаллаҳон ба номуси занон дар ҷараёни ҷанг дар Конго сабаб шуд, ки ба манзилаш ҳамла ва тарафаш тирандозӣ кунанд. Вай ва аҳли оилааш ҷон ба саломат бурданд.
9
<b>Владимир Козлов, раҳбари мухолифони Қазоқистон, маҳбус. </b> Мунаққиди шадидуллаҳни президент Нурсултон Назарбоев дар моҳи октябр бо иттиҳоми талошҳои сарнагунии ҳукумат зимни рӯйдодҳои хунини Жанаоузен ба ҳафтуним соли зиндон маҳкум шуд.