Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммад Мурсӣ хостори "муколамаи миллӣ" шуд


Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср, ба хотири рафъи бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар, мухолифонашро ба “муколамаи миллӣ” даъват кард. Ӯ гуфт, раъйпурсӣ дар мавриди тарҳи Қонуни Асосӣ бар асоси барнома рӯзи 15 декабр баргузор хоҳад шуд ва афзуд, баъди ин метавонанд дар гуфтӯгу бо мухолифон барои оянда нақша бикашанд. Баъди тамаркузи қудрат дар дасти Муҳаммад Мурсӣ дар рӯзи 22 ноябр аз он рӯз то кунун, мухолифони ӯ дар Миср тазоҳурот мекунанд. Ин иқдом ва ҳам тасвиби шитобкоронаи тарҳи Қонуни Асосӣ аз тарафи исломгароёни ҳаводори Муҳаммад Мурсӣ, мухолифони ӯро ба хашм овардааст. Пештар аз ин суханронӣ, тонкҳо кохи раёсати ҷумҳури Мисрро иҳота карданд, ки дар инҷо дар муноқиша миёни тарафдорон ва мухолифони Муҳаммад Мурсӣ ҳафт нафар кушта ва садҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG