Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойҳои Искандари Фирӯзро ҷарроҳӣ карданд


Искандари Фирӯз
Искандари Фирӯз
Рӯзи 28-уми ноябр дар бемористони Ибни Синои Душанбе доктори эронӣ -- Нодир Муталлибзода бо ҳамкории пизишкони тоҷик дар ҳарду пойи Искандари Фирӯз, хабарнигори Би-би-сӣ (BBC) чаҳор амали ҷарроҳӣ анҷом додааст.

Наздикони Искандари Фирӯз рӯзи 29-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, доктор Муталлибзода натиҷаи ҷарроҳиро мусбат арзёбӣ намуда ва гуфтааст, Искандари Фирӯз бо гузаронидани давраи реабилитатсия ва физиотерапӣ пас аз се рӯз метавонад ба воситаи чигас ба роҳ рафтан оғоз намояд.

Нодир Муталлибзода дар шарҳи ҷараёни ҷарроҳиҳо гуфтааст, шикастагии пӯшидаи устухони рони рост, ки дар муддати 50 рӯзи пас аз садамаи автомобилӣ нодуруст васл шуда буд, мавриди амали Остеокласис қарор гирифт. Ин амал дар Тоҷикистон бори аввал анҷом дода шуд.

Устухонҳои зонуи чапи Искандари Фирӯз мавриди муоина қарор гирифта, мушаки чорсараи устухони рони чап релизия гардидааст, яъне аз часпандагиҳо, ки монеи ҳаракат буданд, озод карда шудааст. Искандари Фирӯз 9-уми октябри соли ҷорӣ бар асари садамаи автомобилӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷароҳатҳои зиёд бардошта, дар ҳоли беҳушӣ дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG