Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои нави самбои Тоҷикистон


Мусобиқаи қаҳрамонии гуштии самбои Тоҷикистон, ки дар Қасри «Ҷашнӣ”-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, рӯзи 24-уми май ба анҷом расид.

Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсияи гуштии самбои Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар ин мусобиқа ҳудуди 200 паҳлавон аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва пойтахти кишвар ширкат карданд. Мусобиқа дар нӯҳ вазн сурат гирифт."

Гуштигирони шаҳри Душанбе дар панҷ вазн ғолиб шуданд: Акмалиддин Каримов (57 кг), Нозимҷон Охиров (62 кг), Мустафо Ҳасанов (68 кг), Убайди Деваштич (74 кг) ва Фирдавс Орифов (100 кг). Дар чаҳор вазни дигар – Амриддин Ҷумъазода (Мастчоҳ, 52 кг), Аъзам Расулов (Ҳисор, 82 кг), Абдуваҳҳоб Сатторов (Ёвон, 90 кг) ва Нурулло Неъматов (Рӯдакӣ, +100 кг) ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шуданд.

Ғолибони мусобиқа ва гуштигироне, ки ҷойҳои дувуму севумро соҳиб шуданд, бо медалу ифтихорномаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Федератсияи гуштии самбои кишвар, инчунин, тӯҳфаҳои сарпарастон сарфароз гаштанд.

Ба гуфтаи Маҳмуди Абдулло ғолибони ин мусобиқа дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки аз 6-ум то 9-уми июн дар пойтахти Узбакистон – шаҳри Тошканд баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Баъдан онҳо моҳи ноябр дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Беларус иштирок хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG