Полиси Фаронса боз камаш 10 фарди муттаҳам бо ифротгароии исломиро боздошт намудааст. Мансабдорони Фаронса мегӯянд, амалиёт субҳи рӯзи чоршанбе дар шаҳри Марсел ва манотиқи ҷанубӣ ва ҷанубу ғарбии ин кишвар ба вуқӯъ пайвастааст.
Ҳафтаи гузашта полиси Фаронса 13 нафарро дастгир намуда, рӯзи сешанбе онҳоро бо терроризм муттаҳам кард. Таъқиби афроди муттаҳам бо ифротгароии исломӣ баъди куштори камаш ҳафт нафар аз тарафи Муҳаммад Мераҳ дар шаҳри Тулуза раҳандозӣ шудааст.
Полиси Фаронса Мераҳро дар таърихи 22 март ба қатл расонд. Мераҳ, ки зоҳиран аз шабакаи террористии ал-Қоида илҳом гирифта буд, бо куштори се сарбоз, хохом ва се кӯдаки яҳудӣ муттаҳам мебошад.
Масъалаи мубориза бо ифротгароҳои исломӣ ба яке аз мавзӯъҳои асосии маъракаи интихоби президенти Фаронса табдил ёфтааст.
Интихобот 22 апрел доир мешавад ва президенти феълӣ Николас Саркозӣ барои интихоби дубора ба ин мансаб талош дорад.