Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сан Су Ҷӣ дар интихоботи Мянмар пешсаф аст


Аунг Сан Су Ҷӣ
Аунг Сан Су Ҷӣ
Натоиҷи пешакии интихоботи рӯзи 1 апрели Мянмар ҳокист, ки раҳбари мухолифин Аунг Сан Су Ҷӣ ғолибан вакили парлумон мешавад. Ба гуфтаи мухолифин, бар асоси шумориши орои 82 ҳавза аз 129 ҳавзаи интихоботӣ, Сан Суӣ Ҷӣ бо касби 65 дарсад пешсаф аст.
Дар ин интихоботи миёндавраӣ мубориза барои ҳамагӣ 44 курсӣ аз 664 курсии парлумони Мянмар буд ва пирӯзии раҳбари мухолифин таносуби нирӯҳо дар парлумон ва дар қудратро, ки то ҳол аз сӯи гурӯҳи генералҳои мустаъфӣ назорат мешавад, тағйир намедиҳад. Аммо баъди чоряк асри ҳукумати низомиҳо ва оғози ислоҳот аз сӯи ҳукумати мулкиии таҳти ҳимоятир генералҳо ин озодтарин интихобот дар Мянмар(Бурмаи собиқ) буд ва пирӯзии Сан Су Ҷии 67-сола, ки дастикам 15 сол аз 23 соли охири умрашро дар зиндону ҳабси хонагӣ ба сар бурдааст, як нуқтаи атфе дар таърихи ин кишвари Осиёи ҷанубист.
XS
SM
MD
LG