Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи Ратко Младич ба таъхир афтод


Вакилони дифоъи Ратко Младич, муттаҳам ба наслкушӣ ва ҷиноятҳои ҷангӣ рӯзи панҷшанбе аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳои ҷангӣ хостанд, то муҳокимаи ӯро ба таъхир андозад. Ратко Младичро 10 моҳ пеш дар Сербистон боздошт карда ва ба додгоҳи Гаага дар Ҳоланд супурданд. Қарор буд, муҳокимаи ӯ ҳамин моҳ шурӯъ шавад, вале онро то 14 май ба таъхир андохтанд. Ратко Младич шикоят доштааст, ки сиҳатиаш хуб нест. Ин генерали сербро аз ҷумла ба он муттаҳам мекунанд, ки дар қатли 8 ҳазор мард ва наврасони мусулмон дар Серебренитса дар моҳи июли соли 1995 даст дорад. Ҳамчунин дар муҳосираи 43 моҳаи шаҳри Сараево аз соли 1992 то соли 1995 гунаҳкор дониста мешавад. Дар сурати собит шудани гуноҳҳояш ӯро ҳабси абад интизор аст. Худаш мегӯяд, ҳеҷ кори хатое накардааст.
XS
SM
MD
LG