Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як гурӯҳи коргарони IRS зери тарма монд


Як гурӯҳи коргарони IRS – ширкати масъули пулчинӣ ва нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд –Чаноқ дирӯз зери тарма монд. Ҳамаи онҳоро наҷот додаанд. Ҳафтаи гузашта як коргари дигари ин ширкат – Ниёзқул Қулов – низ зери тарма монд ва то ҳол ӯро пайдо накардаанд. Тармаи дирӯза боиси қатъи ҳаракати нақлиёт аз километри 43 то 169-уми шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд, танҳо масири иртиботӣ байни шимол ва маркази Тоҷикистон шудааст.
XS
SM
MD
LG