Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адибони Чин аз Apple миллионҳо доллар товон мехоҳанд


Гурӯҳе аз нависандагони Чин ширкати байнулмилалии Apple-ро ба нашр ва фурӯши ғайриқонунии осори худ айбдор карданд ва миллионҳо доллар товон хостанд. Дар ҳоле ки ширкат дар Иёлоти Муттаҳида мустақар аст, нависандагони чиноӣ аз болои он ба додгоҳи Пекин шикоят бурда, талаб карданд, ки нақзи ҳаққи муаллифии онҳо ҷуброн шавад. Сухангӯи Apple дар Пекин, Каролин Ву гуфт, ширкат ба ҳуқуқи муаллифон арҷ мегузорад, аммо аз расидагӣ ба шикваи нависандагон худдорӣ намуд.
XS
SM
MD
LG