Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай: Дар музокирот бо ИМА пешрафт ҳосил шуд


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон гуфт, ки дар музокирот миёни Кобулу Вошингтон оид ба шартҳои ҳамкории стратегии дарозмуддат пешрафт ҳосил шудааст.

Дар меҳвари ин музокирот – таҳияи таҳкурсии ҳуқуқии буду боши нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон баъд аз соли 2014 ва ӯҳдадориҳои ИМА барои пуштибонӣ аз ҳукумати Кобул дар даҳ соли оянда аст.

Аз ин пештар хабар дода мешуд, ки гуфтушунид миёни ҳайатҳои ду кишвар ба бунбаст ворид шудааст, зеро ИМА назорати маҳбасҳоеро, ки дар онҳо гумонбарони ҷиноёти низомӣ ва низомиёни НАТО – ширкаткунандагони ҳамлаҳои шабонаи ҳавоӣ ба маҳалҳои зист мардуми осоишта нигаҳ дошта мешаванд, дар ихтиёри ҳукумати Афғонистон гузоштанӣ нест.
XS
SM
MD
LG