Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филмҳои эрониву покистонӣ ҷоизаи Оскар гирифтанд


Асғар Фарҳодӣ ҳангоми дарёфти ҷоизаи Оскар дар Ҳолливуд
Асғар Фарҳодӣ ҳангоми дарёфти ҷоизаи Оскар дар Ҳолливуд
Шаби якшанбе дар Лос Анҷелеси Амрико як филми эронӣ ва як филми покистонӣ барандаи ҷоизаи Оскар шуданд. “Ҷудоии Нодир аз Симин”-и Асғар Фарҳодӣ-коргардони эронӣ ҷоизаи имсолаи “Оскар” барои беҳтарин филми хориҷиро ба даст овард. Асғар Фарҳодӣ аз номи мардуми Эрон ин ҷоизаро қабул кард ва ишора кард, ки “фарҳанги ғаниву бостонии миллати Эрон зери ғубори сангини сиёсӣ пинҳон мондааст”. Хонум Шармин Убайд Чиной-коргардони покистонӣ барои филми мустанади кӯтоҳ бо номи “Ҳифзи чеҳра” ҷоизаи Оскар дарёфт кард. Ин филм дар бораи як ҳамла бо тезоб ё кислота ба чеҳра таҳия шудааст. Бори аввал ин коргардонони эронӣ ва покистонӣ ба дарёфти чунин ҷоизаи муътабари байналмиллалӣ ноил омадаанд.
XS
SM
MD
LG