Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иллати марги 5 зан дар Кӯлоб маълум шуд


Иллати марги 5 зан дар шаҳри Кӯлоб нитрити натрий будааст. Ин моддаи кимиёвӣ дар саноати хӯрокворӣ барои додани “ранги табиӣ” ба маҳсулоти гӯштӣ истифода мешавад, вале корбурди беш аз ҳадди он ҳалокатбор аст. Чанд рӯз пеш дар як маросими ҷаноза дар Кӯлоб 22 зан аз тановули ғизои атолае, ки дар он ба ҷои намак иштибоҳан нитрити натрий андохтаанд, заҳролуд шуда, 5 тани онҳо ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG