Дар Туркманистон интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ анҷом ёфт. Хабаргузории расмии ин кишвар мегӯяд, то соати 18 вақти Ишқобод, яъне ҳанӯз 2 соат қабл аз анҷоми раъйгирӣ, 92,8 дарсади мардуми соҳиби райъ дар интихобот овоз додаанд. Дар баробари раҳбари феълии ин кишвари саршор аз манобеъи нафту гази Осиёи Марказӣ 7 номзади дигар низ сабт шуда буд. Аммо ба назари ағлаб, интихобот амалан берақиб буда, бо пирӯзии Қурбонқулӣ Бердимуҳамадов анҷом хоҳад ёфт.