Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Чин аз ветоаш ба қатъномаи Сурия


Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин Лю Веймин
Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин Лю Веймин
Чин даъвои Амрикоро, ки Чину Русияро ба ҳимоят аз режими Сурия айбдор мекунад, радд кард. Вазорати хориҷаи Чин имрӯз аз ветои Пекину Маскав ба тарҳи қатъномаи Шӯрои Амният ҳимоят кард. Ин тарҳ саркӯбии эътирозҳои Сурияро маҳкум карда, аз раиси он ҷумҳурӣ Башор Асад даъват мекард, то аз мақом канор биравад. Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин Лю Веймин гуфт, давлати Чин пуштибони режими Сурия нест, вале мехоҳад адолат муроот шавад. Қаблан вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ветои Чину Русияро «музҳик» номид ва гуфт, Маскаву Пекин аз «режими ваҳшиёнаи Димишқ» пуштибонӣ мекунанд. Аз тарҳи Лигаи Араб, ба истиснои Чину Русия, 13 узви дигари Шӯрои Амният ҳимоят кардаанд.
XS
SM
MD
LG