Имрӯз Британия 60-ӯмин солгарди ба тахт нишастани малика Елизабетаи 2-ро баргузор мекунад. Дар остонаи ин солгард малика ва шавҳараш як маросими мазҳабиро дар Сандрингем адо карданд. Дар робита бо ин солгард маросими вижа баргузор нахоҳад шуд, зеро ба тахти салтанатӣ нишастани Елизабети 2 бо рӯзи даргузашти падараш Георги 6 мусодиф меояд. Тадбирҳои ҷашнии 60 солагии ин санаро барои тобистон гузоштаанд ва он вақт зодрӯзи малика низ ҷашн гирифта мешавад. Елизабетаи 2 аз тӯлонитарин раҳбарон дар Аврупо ба шумор меравад. Аввалин нахуствазири маликаи Британия Винстон Черчил буд. Соли 1952 вақте, ки малика ба тахт нишаст аксари вазирони кобинаи имрӯзии Британия ба дунё наомада буданд.