Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши Ҳинду Покистон сари лулаи газ аз Туркманистон


Ҳинду Покистон мегӯянд, дар масъалаи бунёди лулаи газ аз Туркманистон ба воситаи Афғонистон ҳамназарии бештар пайдо кардаанд. Вазири нафти Ҳиндустон Ҷайпал Реддӣ дар гуфтушунид бо ҳамтои покистонии худ Осим Ҳусайн дар Деҳлӣ гуфт, дар музокироти ду ҷониб пешрафти муҳиме ба даст омадааст. Ин гуфтушунид дар ҳоле ҷараён гирифт, ки айни мавзӯъро раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар сафари Туркманистон бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон баррасӣ кард. Лулаи пайвандагари чаҳор кишвар 1735 километр дарозӣ дошта, солона 33 миллиард метри мукааб газро итиқол хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG