Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чархболи НАТО дар Афғонистон ба ҳодиса дучор шуд


Дар ҷануби Афғонистон дар як ҳодисаи суқути чархбол 6 нафар низомиёни хориҷӣ кушта шудаанд. Сухангӯи нируҳои НАТО ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ин чархбол рӯзи панҷшанбе дучори ҳодиса шудааст. Гузоришҳои қаблӣ ҳокӣ аз он буд, ки ҳангоми рух додани ин ҳодиса дар минтақа задухӯрд бо шӯришиён мушоҳида нашудааст. НАТО мегӯяд, расидагӣ ба ҳодиса идома дорад. Аз моҳи августи соли гузашта, ки он вақт дар ҳодисаи суқуқти чархбол 30 сарбоз кушта шуда буд, то ҳодисаи рӯзи панҷшанбе пешомади пурқурбонӣ рух надодааст.
XS
SM
MD
LG