Пас аз панҷ соли расиданаш ба қудрат дар Туркманистон, раисиҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар пайи бунёди "сабки хос"-и раҳбарист, ки алҳол асосан ба ранг такия мезанад. Аз ранги сарулибосаш гирифта, то қолину гулдастаҳо ва ороиши минбарҳои идонааш -- ҳамагӣ дар ҷаҳони ӯ сафеди баланд ва дурахшон аст. Мо нигоҳе дорем ба ин инқилоби "ранга"-и Туркманистон.
Инқилоби "ранга"-и Туркманистон
10
Бердимуҳаммадов дар расми ифтитоҳи қасри нав дар Ишқобод дар соли 2011. Агар ранги сафед дар ҷашну маросими Туркманистон дар ҷойи аввал бошад, сабзи ҳамранг ба парчами ин кишвар дар ҷойи дувум аст.
11
Ҳатто дар вақтҳои истироҳаташ Бердимуҳаммадов ба ранги сафед бартарӣ медиҳад.
12
Бердимуҳаммадов ҳангоми истироҳат дар шаҳри Туркманбошии соҳили Баҳри Каспий ё Дарёи Хазар. Вай карйераи ҳукуматии худро аз дандонпизишки Вазорати тандурустӣ сар кард, аммо баъд аз расидан ба қудрат пойгоҳи худро месозад, то мероси Ниёзовро бартараф кунад
13
Бердимуҳаммадов ҳатто суруд мехонад, то кеши парастиши худро ба вуҷуд орад. Вай гитори сафед менавозад ва сарояндаи ин саҳна низ сафедпӯш буда, сози сафед дар даст дорад.