Пулиси Ироқ имрӯз барои аъмолаш дар даврони Саддом Ҳусейн узр хост. Вазорати умури дохилаи Ироқ дар як баёния гуфт, пулис дар он даврон “маҷбур буд даст ба корҳое бизанад, ки дар салоҳияташ набуд.” Ин изҳорот дар солгарди 90-уми таъсиси пулиси Ироқ нашр шуд. Режими Саддом Ҳусейн соли 2003 тавассути нирӯҳои эътилоф суқут кард ва худи ӯ бо ҳукми додгоҳ дар поёни соли 2006 ба дор овехта шуд.