Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия ИМА-ро дар мудохила ба умури кишварҳои арабӣ муттаҳам кард


Сурия ИМА-ро дар мудохила ба умури кишварҳои Лигаи Араб муттаҳам кард. Сухангӯи вазорати хориҷаи Сурия Ҷиҳод Мақсидӣ дар як изҳорот гуфт, ки ИМА бо роҳи ташвиқоту даъватҳо хушунатҳоро таҳрик додааст, то ки қазияи Сурия байналмилалӣ шавад. Изҳорот дар ҳоле нашр мешавад, ки вазорати хориҷаи Амрико мегӯяд, ки ёвари котиби давлатӣ дар умури Ховари наздик Ҷефрӣ Фелтман ба Қоҳира рафта бо кишварҳои Лигаи Араб машваратҳо мегузаронад. Музокираҳои Фелтман фардо баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG