Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти садҳо эътирозгарон дар Маскаву Петербург


Кормандони полиси шаҳри Маскав беш аз сесад тан аз ширкаткунандагони намоиши эътирозии бидуни иҷозаро боздошт карданд. Миёни онҳо яке аз фаъолони мухолифин Иля Яшин ва блогнавис Алексей Навалний низ ҳастанд, ки ба иттилоъи дафтари матбуоти раёсати умури дохилии шаҳри Маскав, аз ҳозирон даъват кардаанд то ба кормандони полис итоат накунанд.

Ба навиштаи хабаргузории ИТАР-ТАСС, ҳамаи боздоштшудагон ба идораи полис интиқол дода шудаанд ва мавзӯъи муҷозоти маъмурии онҳо баррасӣ мешавад.

Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ дар гирдиҳамоии ҷунбиши «Ҳамраъй» дар мавеъи Чистие пруди чандин ҳазор нафар ширкат ва алайҳи натоиҷи расмии интихобот ба Думаи давлатӣ ва тақаллубу қонуншиканӣ дар ин маъракаи сиёсӣ эътироз карданд.

Дар шаҳри Санкт-Петербург кормандони полис тақрибан 150 нафар аз ширкаткунандагони намоиши эътирозӣ алайҳи тақаллуб дар интихоботи парлумониро боздошт намуданд.
XS
SM
MD
LG